Хона \ Кӯчонидани бонк

Кӯчонидани бонк

Зарурати кӯчонидани амволи бонк ҳамон вақт ба миён меояд, ки агар бонк бахш ё шӯъбаи наве кушода истода бошад, ё ин ки он шӯъба васеъ шуда истода бошад, ё ин ки маҳалли ҷойгиршавии худро дигар карда истода бошад, ва ё ҳамон вақтҳое, ки бахш ё ягон шӯъбаи бонк баста шуда истода бошад.

Кӯчидани воҳиди бонкӣ аз як ҷо ба дигар ҷо хусусиятҳои худро дорад, ки бояд ба назар гирифта шаванд. Дурустӣ, самаранокӣ ва амнияти амвол дар ин ҷо талаб карда мешавад.

Ҷойивазкунии бонк бо зарурияти интиқоли таҷҳизоти азим ва ҳамзамон ҳассос фарқ мекунад: банкоматҳо, терминалҳои пардохт, серверҳо, анборҳо ва ғайра, ки барои онҳо мошинҳои муҷаҳҳаз заруранд.

Нақшаи кӯчиш бояд корҳои тайёрии зиёдеро ба монанди инвентаризатсия ва бойгонии ҳама ҳуҷҷатҳои дохилӣ, суғуртаи ҳатмии молҳо ва ҳуҷҷатҳо, интихоби мошинҳои боркаш аз рӯи миқдор ва ҳаҷми таҷҳизоти интиқолшаванда ва асбобу анҷом, бастабандии таҷҳизот, мувофиқакунонии хатсайр, дар бар гирад.

Таҷҳизот, бойгониҳо ва ҷиҳози бонк, бевосита пеш аз интиқоли онҳо, таҷзия шуда ба мошин бор карда мешаванд. Баъди он, борфарорӣ ва васлкунии ҷиҳоз, насб кардани таҷҳизот ва баровардани маводҳои банду басти истифодашуда ба амал меоянд.

Банк
Банк3
Ирсол кунед
Номи шумо:*
Телефона*
E-mail
Суроға:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 734024, ул. Дӯстии халқҳо, 62

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуҷанд, 735700, к. И.Сомонӣ 175, ошёнаи 1
Фармоишатонро ирсол намоед

Менеҷери мо бо шумо тамос мегирад, то тафсилотро дар давоми як соат дақиқ кунед.