Хона \ Кӯчонидани офис

Кӯчонидани офис

Кучонидани идора аз як суроға ба суроғаи дигар ин як амалиёти махсус аст. Дар ин ҷо як қатор вазифаҳо ба миён меоянд, ки бояд аниқ, сари вақт ва бо навбат ҳал карда шаванд. Ҳамзамон, ин амалиёт набояд ба раванди истеҳсолот халал расонад ё ба андозае осеб расонад.

Ширкати Dunyo Cargo намуди алоҳидаи хизматрасонӣ - кӯчонидани офис ё ин ки кӯчонидани идораҳоро пешниҳод менамояд.

Дар оғози кор, мутахассисони ширкат, пеш аз ҳама, дар якҷоягӣ бо намояндагони мизоҷ нақшаи муфассалро тартиб медиҳанд, то амалҳои одамоне, ки дар ин раванд ширкат меварзанд ё муттасадии ин коранд, бо тарзи дуруст ташкил намоянд.

Дар ин ҷо ҳама чиз бояд пешакӣ фикр карда ба ҳисоб гирифта шавад, ки ҳангоми боркунӣ, борфарорӣ ва интиқоли борҳо, ҷиҳози офис ва таҷҳизоти маъмурӣ осеб набинанд, қуттиҳои ҳуҷҷатҳо гум нашаванд ва пас аз интиқол додани амволҳо ҳама чиз бояд ба шӯъбаҳо ва идораҳо тақсим карда шавад.

Кӯчиш, чун қоида, баъд аз соати корӣ сурат мегирад, ҳангоме ки дар шаҳр ба таври назаррас шумораи нақлиёт кам мешавад. Барои суръат бахшидан ба кор шумораи зарурии коргарон ва ҷузъҳои нақлиётӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Тамоми раванди кӯчиш аз ҷониби менеҷери Dunyo Cargo   назорат карда мешавад, ки ӯ ҳамзамон рохбари ҳама шахсоне мебошад, ки дар раванди кӯчонидани офис иштирок мекунанд. Вай инчунин ҳамеша бо намояндаи мизоҷ дар тамос шуда меистад.

Ҳамаи амалиёти дар боло овардашуда кафолати баландсифати кори кӯчонидани идораҳоро фароҳам меоранд.

Офисный2
Офисный3
Ирсол кунед
Номи шумо:*
Телефона*
E-mail
Суроға:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 734024, ул. Дӯстии халқҳо, 62

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуҷанд, 735700, к. И.Сомонӣ 175, ошёнаи 1
Фармоишатонро ирсол намоед

Менеҷери мо бо шумо тамос мегирад, то тафсилотро дар давоми як соат дақиқ кунед.