Хона \ Кӯчонидани ҳуҷра

Кӯчонидани ҳуҷра

Бо Dunyo Cargo оиди хидмати кӯчонидани манзилатон тамос гирифта Шумо аз сари худ ташвишҳои зиёдеро, ки ҳангоми кӯчидан аз як макон ба дигар ба сари кас меафтанд, дур мекунед. Шумо маҷбур намешавед аз ҷои коратон паиҳам ҷавоб гиред, дар куҷо ва чӣ тавр бастабандӣ кардани чизҳоятонро фикр намекунед, ҷиҳози хонаатонро ҷудо ва васл карда намешинед ва дар бораи чӣ гуна бардорумон кардани амволи калонҷуссатон фикр намекунед. Шумо ҳатто хавотир ҳам намешавед, ки аз куҷо борбардорони кордон ва тозакорро меёбед, дар куҷо нақлиёти мувофиқро меёбед ва чӣ гуна ҳамаи корҳоро дар вақту соати худаш ҳамоҳанг мекунед, ё ин ки дар бораи маблағи онҳо бо ҳар якашон баҳс намекунед ва ғайра ва ҳоказо.

Раванди кӯчонидани амволи манзил дар чор марҳила сурат мегирад:

1. Мо ҷиҳоз (мебел) ва таҷҳизоти калонро бодиққат ҷудо карда аз рӯи қоидааш дуруст бастубанд менамоем. Мо қуттиҳо ва маводи бастуабандиро барои чизҳои дигар таъмин менамоем.

2. Мо амволи шуморо дар мошине, ки барои ин мақсадҳо махсус тайёр шудааст, бор мекунем ва интиқол медиҳем.

3. Дар ҷои нав кӯчатонро аз мошин холӣ карда бастубандашро мекушоем, ҷиҳоз ва дигар таҷҳизотро аз сари нав васл карда ба ҷобаҷо гузоштани ҳама чизҳо дар манзили нав кӯмак мекунем.

4. Пас аз хотимаи корхо партовҳоро ҷамъоварӣ карда мебарорем.

Мо кафолат медиҳем, ки:

• тамоми ҷараёни кӯчиш аз тарафи менеҷери мо назорат карда мешавад;

• ҷудо кардан ва насб кардани ҷиҳоз аз ҷониби мутахассисон анҷом дода мешавад;

• ҳангоми интиқол дар зинапоя, боркунӣ ва борфарорӣ аз мошин, интиқолдиҳандагон ҷиҳозро осеб намедиҳанд;

• бор дар мошин бо тарзи дуруст бор карда мустаҳкам нигоҳ дошта мешавад.

Нархи хидмат аз ҷониби баҳодиҳандаи ботаҷриба муайян карда мешавад ва дар шартнома қайд карда мешавад.

квартирный
квартирный3
Ирсол кунед
Номи шумо:*
Телефона*
E-mail
Суроға:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 734024, ул. Дӯстии халқҳо, 62

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуҷанд, 735700, к. И.Сомонӣ 175, ошёнаи 1
Фармоишатонро ирсол намоед

Менеҷери мо бо шумо тамос мегирад, то тафсилотро дар давоми як соат дақиқ кунед.