Расонидани фаврии борҳои хурд
Борҳо ҳаррӯза байни шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар ҳарду самт тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд. Барои ҳамлу нақл ҳам борҳои камҳаҷм ва ҳам миқдори калони борҳо қабул мешаванд.
Хусусиятҳои хизматрасонӣ:
Муросилот набояд моли манъшударо дар дохилаш дошта бошад (ниг. Руйхати молҳои барои ҳамлу нақл манъшуда);
Дар андоза ва вазни бор маҳдудиятҳо мавҷуданд. Агар ин нишондиҳандаҳо зиёдтар бошанд, пардохтҳои иловагӣ бо мувофиқат бо мутахассисони шӯъбаи хизматрасонӣ метавонанд ситонида шаванд;
Ин хизмат ҳам барои шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам барои шахсони воқеӣ дастрас аст.
Тартиби хизматрасонӣ
- Барои коҳиш додани арзиши хизматрасонӣ, таҳвил танҳо дар низоми "анбор-анбор" амалӣ карда мешавад, яъне ҳангоми фиристодани мол Интиқолдиҳанда молро ба идораи Dunyo Cargo мустақилона меорад ва дар нуқтаи таъинот, гиранда молро аз нуқтаи хизматрасонии Dunyo Cargo мегирад;
- Таҳвили борҳо дар ниоми “аз дар то дар” дастрас нест.
Афзалиятҳои хидмат:
- Вақтҳои кӯтоҳмуддат - аз 24 соат;
- Барои интиқоли бор маблағи як мошини пурраро пардохт кардан лозим нест, зеро бори Шумо ҳамчун як қисми борҳои гурӯҳӣ интиқол дода мешавад;
- Таъминоти боэътимод ва масъулиятнок - ба мизоҷ нусхаи борхати нақлиётӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молиявӣ дода мешавад;
- Таҳвили мол дар давоми соатҳои корӣ, ки барои боргиранда қулай аст, иҷро карда мешавад, зеро ӯ мустақилона кай даромада гирифани бори худро қарор мекунад;
- Ҳама имконоти пардохт мавҷуданд: пардохти нақдӣ, нақдӣ бо корти бонкӣ, коди QR ва ғайра.;
- Муштарӣ метавонад аз хидмати Smart Track ва SMS-огоҳкунии муштарӣ дар бораи вазъи таҳвили мол истифода кунад.
Тарофаҳо
|
Интиқол, қабул ва расонидани бор дар офисҳои Dunyo Cargo (Душанбе, Хуҷанд) |
Нархнома, сомонӣ бо назардошти ААИ |
|
то 5 кг |
20,00 |
|
+1 кг то 50 кг |
6,00 |
|
+51 кг то 100 кг |
5,00 |
|
От 101 кг то 300 кг |
3,00 |
|
300 кг + |
2,50 |
|
FTL – фрахти пурраи мошини боркаш бо мӯҳри фиристонанда (иқтидори калонтарин: 10 тонна, 38 м3) |
4500 |
|
Хизматрасониҳои иловагӣ |
Нархнома, сомонӣ бо назардошти ААИ |
|
«Нигоҳдории масъул», ба 1 кг дар як шабонарӯз (нигаҳдории ройгон 48 соат аз лаҳзаи гирифтани мол барои интиқол) |
0,60 |
|
"Тасдиқи таҳвил" |
5,00 |
|
“Бандубасти сахти ҷойҳои бор”, барои 1 м3 |
300,00 |
|
“Дар паллет ҷойгиркунии борҳо”, барои 1 паллета |
200,00 |
Рӯйхати молҳои манъшуда
- Ҳуҷҷатҳо
- Молҳои тарканда, моддаҳои тарканда ва ашёе, ки бо онҳо пур карда шудаанд;
- Газҳои фишурдашуда ва моеъ;
- Моеъи оташгиранда;
- Моддаҳои сахти тез оташгиранда; моддаҳое, ки ба худсӯзиш гирифтор шуда метавонанд; моддаҳое, ки газҳои зудсӯзандаро дар алоқа бо об мебароранд;
- Оксидҳо, пероксидҳои органикӣ;
- Моддаҳои заҳрдор, сироятӣ, заҳрнок;
- Моддаҳои худсӯзанда;
- Маводи радиоактивӣ ва изотопҳои онҳо;
- Моддаҳои каустикӣ ва зангзананда;
- Ҳама намуди яроқҳо
- Дастгоҳҳои зери фишорбуда ё бо вакуум;
- Ферромагнетҳо;
- Пули нақд, тангаҳо, коғазҳои қиматнок, чекҳо, металлҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо сохташуда;
- Маводи арзиши баланддошта;
- Маводи мухаддир, моддаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ;
- Ҳайвонот;
- Маҳсулоти пашмина, мӯйҳо, пӯсти ҳайвоноти ваҳшӣ;
- Ҷасади одам, узвҳо, хокистар;
- Борҳои зуд вайроншаванда;
- Воситаҳои нақлиёт.