Ҳамлу нақли бор, борбардорон, кӯчонидани амвол дар дохили шаҳри Душанбе ва дар қаламрави Тоҷикистон.
Бо масъалаҳои ҳамлу нақли бор қариб ҳар як шахс дучор мешавад. Пештар, ҳангоми ҳамлу нақли молҳои хурд ва интиқоли миқдори зиёди мол ё калонҳаҷм, мо чунин масъалаҳоро маҷбур будем мустақилона ҳал кунем. Мо барои ҷустуҷӯи мошинҳо, борбардорҳо, маводҳои бастабандӣ ва ғайра вақти хеле зиёд сарф мекардем.
Аммо замонаҳо тағир меёбанд - мо ба он одат карда истодаем, ки сифати ҳаёт ба беҳбудӣ тағир ёфта истодааст. Ҳоло дар бисёр соҳаҳо Сервис, яъне ки хизматрасониҳои касбӣ мавҷуданд, ки бисёр мушкилоти рӯзмарраи моро қариб бе иштироки мо саривақт ва ба тарзи корозмуда ҳал мекунанд.
Ширкати Dunyo Cargo бо пешниҳоди хизматрасонии боркашӣ ва ҳамаи он амалиёте, ки бо ин робита дошта метавонанд, машғул аст.
Мо мутахассиси ҳамаи намудҳои боркашонӣ буда, хизматрасониҳои гуногуни ба боркашонӣ алоқамандро пешниҳод мекунем: ҳамлу нақли бор бо нақлиёти автомобилӣ, борбардорон, бастубанди борҳо, ҷудо кардан ва васлкунии ҷиҳози хона ва офисҳо, кӯчонидани амволи хона ва офисҳо, боркунии борҳо. Мо ба сифати аълои кор кафолат медиҳем, хизматрасониҳои суғурта ва ба расмияти гумрукӣ даровардани борҳоро пешниҳод мекунем.
Дар ширкат мутахассисони ботаҷриба кор мекунанд. Равандҳои истеҳсолӣ ва технологӣ ба стандартҳои муосири сифат ҷавобгӯ мебошанд. Мо сиёсати нархгузории тағйирпазир ва одилона дорем, иқдомҳо ва системаи тахфифҳоро ба роҳ гузоштаем.
Шумо кӯчиданӣ ҳастед?
Агар шумо хоҳед, ки кӯчиданатон ба таври дақиқ ва муташаккилона сурат гирад, бо мутахассисон, одамони махсус омӯзонидашуда тамос гиред.
Мо, ширкати Dunyo Cargo, барои чунин кор ҳама чизи зарурӣ дорем: ҳайати кормандони баҳодиҳандаи ботаҷриба, борбардорон, устоҳои мебел, мошинҳо бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ, намудҳои гуногуни борпеч ва маводи бастабандӣ.